Шарҳи имконот
Дар шароити рушди босуръати технология ва рақобат, тиҷорат бояд самаранокии идоракуниро тавассути беҳтар кардани сифат ва суръати қабули қарорҳо баланд бардорад. KPI MONITOR ҳалли тайёрро барои баҳодиҳии самаранокии кори ширкат тавассути автоматикунонии системаи идоракунии Нишондиҳандаҳои Асосии Самаранокӣ пешниҳод мекунад.

Соҳаҳои татбиқ
KPI MONITOR барои ширкатҳои ҳама гуна профил ва ҳадаф мувофиқ буда, ҳам барномаҳои уфуқӣ ва ҳам амудиро дастгирӣ мекунад. Барнома системаҳои нишондиҳандаҳои ҳама гуна мураккабиро бо истифодаи консепсияҳои тайёр ё сохтани KPI-ҳои беназир тарроҳӣ ва автоматӣ мекунад, ки вазифаҳои автоматизатсияро пурра ҳал мекунанд.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо дар соҳаи логистика ба монанди нақшае, ки ҳама чизро мебинад, муониторинги (пайгирии) ҳаракати молҳо, захираҳо ва хараҷоти интиқолро таъмин менамоянд. Ин ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки идоракунии занҷири таъминро беҳтар намуда ва муҳлати расондани молҳоро кӯтоҳ намоянд.
Визуализатсияи маълумот ба онҳо кумак мекунад, ки зуд ба тағйироти дархост вокуниш нишон дода ва масирҳои интиқолро беҳтар намоянд.
Илова бар ин, воҳид кардан бо низомҳои идоракунии анбор ва нақлиёт ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки дақиқии пешбиниро баланд бардашта ва хараҷоти амалиётиро коҳиш диҳанд.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо дар идораи давлатӣ дастрасӣ ба нишондодҳои асосии фаъолиятро таъмин мекунанд, ба монанди сатми розимандии шаҳрвандон, хароҷоти буҷетӣ ва иҷрои барномаҳо. Ин ба шаффофият, беҳтар кардани муомила бо аҳолӣ ва тақсимоти самараноки захираҳо барои расидан ба мақсадҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо барои соҳаи молиявӣ ба ширкатҳо имкон медиҳанд, ки нишондодҳои молиявии монанди даромад, хароҷот, фоида, қарзҳои гирифтани ва қарзҳои доданӣ-ро дар вақти воқеӣ пайгирӣ ва таҳлил намоянд. Ин имкон медиҳад, ки қарорҳои асосноктар ва самараноктар қабул карда шаванд.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо дар соҳаи маориф ба муассисаҳо имкон медиҳанд, ки пайгирию моделсозии вазъиятҳои ба вуқӯъпайваста ва равандҳои ҷории дар онҳо -ро анҷом дода, вазъиятҳои таҳлилшавандаро бо ошкории пайвандҳои сабабу натиҷа визуалӣ намоянд. Инҳо ба онҳо имкон медиҳанд, ки лоиҳаҳоро идора намуда, самаранокӣ ва хатарҳоро назорат кунанд, ҳисоби ҳавасмандӣ ва ангезишро супорида, тавсияҳо оид ба стратегияи рушди ҷузъу ва дар маҷмӯъ университет таҳия намоянд.
KPI MONITOR Analyzer ҳамчун воситаи визуализатсия ва ҳисоббарории нишондодҳои самарандии университет, дар намуди нармафзори "TURBO Донишгоҳ" ҷой гирифтааст. " TURBO Донишгоҳ" барои ҷамъоварии маълумоти ҳамаи низомҳои иттилоотии донишгоҳ ва эҷоди як низоми ягонаи пайгирӣ ва қабули қарорҳо дар асоси онҳо истифода мешавад.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо барои соҳаи истеҳсолӣ имкон медиҳанд, ки нишондодҳои истеҳсолӣ, самарандии таҷҳизот ва сифати маҳсулот пайгирӣ карда шаванд, ки ин боиси афзоиши истеҳсол ва коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ мегардад.
Бо ёрии визуализатсияи маълумот метавон тангнокҳои раванди истеҳсолиро зуд шинохт ва барои бартараф кардани онҳо чора андешид.
Таҳлили маълумоти истеҳсолӣ низ ба нақшарезии нигаҳдорӣ ва дароз кардани умри хизмати таҷҳизот кумак мекунад.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо дар соҳаи тиҷорат ба таҳлили фурӯш, захираҳо ва рафтори муштариён дар вақти воқеӣ кумак мекунанд, ки ин имкон медиҳад барои афзоиши даромад ва беҳтар кардани таҷрибаи муштарӣ қарорҳои санаднок гирифта шаванд.
Абзорҳои таҳлили маълумот ба ширкатҳо кумак мекунанд, ки маҳсулоти пулсозтарин ва категорияҳоро муайян карда, стратегияҳои маркетингиро бо тарзихаҳои харидорон мутобиқ намоянд.
Ин на танҳо ба афзоиши ҳаҷми фурӯш, балки ба афзоиши вафодории муштариён ба бренд низ мусоидат мекунад.
МуфассалтарДидани демо
Дашбордҳо барои саноати энергетикӣ ба ширкатҳо имкон медиҳанд, ки сарфаи захираҳо, истеҳсолияти таҷҳизот ва хароҷотро дар вақти воқеӣ пайгирӣ намоянд, ки ин ба беҳтар намудани равандҳо ва афзоиши самарандии энергетикӣ мусоидат мекунад.
Бо истифода аз абзорҳои таҳлилӣ, ширкатҳо метавонанд равандҳо ва ҳодисаҳои нормагузарро ошкор намоянд, ки ин ба пешбинии эҳтиёҷот ва коҳиши хатарҳо кумак мекунад.
Ин ҳамчунин ба идоракунии беҳтар ва воҳид кардани манбаъҳои энергии такрорпазир дар низоми умумии энергетикӣ имкон медиҳад.
Бартарияти KPI MONITOR
03
Синергияи даставӣ
04
Ҳавасмандкунӣ ва масъулият
01
Равшании стратегӣ
02
Идоракунии самаранок
Синергияи даставӣ
- Беҳтар намудани ҳамкории кормандон ва шӯъбаҳо
- Дарки ҳадафҳои стратегии ширкат ва вазифаҳои шахсӣ барои расидан ба онҳо аз ҷониби кормандон
- Беҳтар намудани ҳамкории кормандон ва шӯъбаҳо
- Дарки ҳадафҳои стратегии ширкат ва вазифаҳои шахсӣ барои расидан ба онҳо аз ҷониби кормандон
Масъулияти шахсии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони қаторӣ барои иҷрои нишондиҳандаҳои ба онҳо мустаҳкамгардида
- баланд бардоштани ҳавасмандгардонии кормандон аз ҳисоби равшан будани мақсадҳо ва вазифаҳои шахсӣ
- Фаҳмиши амиқи тиҷорат дар тамоми робитаҳои равандҳои дохилӣ ва берунӣ
- Роҳбарии стратегии фаъолияти тиҷоратии ҳамаи шӯъбаҳо ва кормандон
- Тақсимоти мақсадноки мутамаркази тамоми захираҳо
- афзоиши суръати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ
- Баҳодиҳии самаранокии қарорҳои идоракунӣ дар доираи стратегияи ширкат
- Гирифтани иттилооти асосии тиҷоратӣ дар шакли ҷамъбастшуда, мураттабшуда ва барои фаҳмидан дастрас
Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот
Система ҳамгироии чандирро бо системаҳои гуногуни иттилоотӣ (нармафзори баҳисобгирӣ, системаҳои ERP ва CRM, WMS ва ғайра) барои ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои эҷоди ченакҳо таъмин менамояд. Ғайр аз он, KPI MONITOR ҳамоҳангсозии автоматии маълумотномаҳои таҳлилиро бо системаи иттилоотии корпоративӣ дастгирӣ намуда, ширкатро бо системаи ягонаи таҳлилӣ таъмин менамояд.

Танзими системаҳои KPI
KPI MONITOR ҳама намуди нишондиҳандаҳоро ба як система муттаҳид намуда, робитаҳои гуногунҷанбаи сабабу оқибатро байни нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ, асосӣ ва амалиётӣ бунёд намуда, онҳоро ба ҳадафҳои стратегии ширкат мепайвандад.

Ҳисобкунии нишондиҳандаҳо
Тасвири интерактивӣ
Намоиши визуалӣ таҳлили маълумоти ширкатро тезтар мекунад. Web-интерфейси KPI MONITOR таҳлили интерактивии аниматсиониро таъмин мекунад. Система нишондиҳандаҳои амалиётӣ ва калидӣ (KPI) -ро пайгирӣ мекунад ва дар бораи ихтилофҳо тавассути e-mail/SMS фавран огоҳ мекунад.



